нақл

нақл
[نقل]
а
1. аз ҷое ба ҷое бурдан, интиқол додан, гузарондан, кӯчондан; нақл додан кашондан; нақли макон ҷои худро дигар кардан, кӯчидан
2. кҳн. воситаи аз ҷои ба ҷои кӯчидан; воситаи боркашӣ, нақлиёт
3. ҳикоя кардан, баён кардан, гуфтан; нақли хаттӣ баёни китобатии мундариҷаи қиссаву ҳикоя аз рӯи нақли муаллим; назар ба нақли… аз рӯи гуфти…
4. ҳикоя, қисса, достон, ривоят; нақл ёфтан а) бурда шудан, кӯчонда шудан, кашонда шудан; б) гуфта шудан, баён гаштан; нақл кардан а) аз ҷое ба ҷое бурдан, аз ҷое ба ҷое кӯчондан; б) ба ҷои дигар рафтан, нақли макон кардан; в) ҳикоя кардан, гуфта додан, баён намудан; г) киноя аз мурдан; аз дори дунё нақл кардан киноя аз аз олам гузаштан, мурдан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»